
Рубоии шумораи 26
Моҳе, ки назир худ надорад ба ҷамол,
Чун ҷома зи тан баркашад он мушкинхол,
Дар сина дилаш зи нозукӣ битвон дид,
Монандаи санги хора дар оби зулол.
Рубоии шумораи 26
Моҳе, ки назир худ надорад ба ҷамол,
Чун ҷома зи тан баркашад он мушкинхол,
Дар сина дилаш зи нозукӣ битвон дид,
Монандаи санги хора дар оби зулол.
Аз соя ба хуршед агарат ҳаст амон,
Хуршедрухе талаб куну сояи гул.
Дар ҷоми ҷаҳон чу талху ширин ба ҳам аст,
Ин аз лаби ёр хоҳу он аз лаби ҷом.
Қисса накунам дароз, кӯтоҳ кунам,
Боз о, боз о, к-аз интизорат мурдам!
Бо ҳар кӣ бигуфтам, ки туро дӯст шудам,
Шуд душмани ман, ваҳ, ки чӣ толеъ дорам!
Як ҳамдами бевафо надидам ҷуз дард,
Як мӯниси номзад надорам ҷуз ғам.
Сабз аст лабат, соғар аз ӯ дур модар,
Май бар лаби сабза хуш бувад нӯшидан.
Гул бо ту баробарӣ куҷо ёрад кард,
К-ӯ нур зи маҳ дораду маҳ нур аз ту!
Бас зуд малул гаштӣ аз ҳамнафасон,
Оҳ аз дили ту, ки санг меборад аз ӯ!
Мегӯ на бад-он сон ки малолаш гирад,
Мегӯ суханею дар миёнаш мегӯ!
Ҳамчун лаби худ мудом ҷон мепарвар
З-он роҳ, ки рӯҳест ба тан парварда.