
Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ,
К-ин ҷаҳон пок бозию найранҷ.
Неки ӯро фасонаворӣ шав,
Бади ӯро камар-т сахт битанҷ!
Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ,
К-ин ҷаҳон пок бозию найранҷ.
Неки ӯро фасонаворӣ шав,
Бади ӯро камар-т сахт битанҷ!
Остин бигрифтамаш, гуфтам, ки меҳмони ман ой,
Дод пӯшида ҷавобам: - Мӯрду анҷиру кулӯх!
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд!
Хомуш кун чун нуқат, эро малак
Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд!
Бифканад оташ андар дили ҳусн,
Он чи ҳиҷрони ту аз сина фиканд!
Дод дида-ст аз ӯ ба ҳеч сабаб
Ҳеч фарзона, то ту бинӣ дод?!
Ҳар он ки Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад!
Ӯ хашм ҳамегирад, ту узр ҳамехоҳ,
Ҳар рӯз ба нав ёри дигар менатавон кард!
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад!
Вори озар гузашту шуълаи он,
Шуълаи лоларо замон омад!
Буд аз неъмат, он чӣ пӯшиданд
В-он чӣ доданду он чиро хурданд.