
Асоси зиндагии хуш
Чаҳор чиз мар озодаро1 зи ғам бихарад2:
Тани дурусту хӯйи неку3 номи неку хирад.
Ҳар он ки Эзадаш4 ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад5, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.
ВАЗН: муҷтасси мусаммани махбуни аслам (мафоилун фаилотун мафоилун фаълун).
КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: бихарад, хирад, нахӯрад.
РАДИФ: надорад.
Луғат:
1. Озода: вораста, бузургвор.
2. Бихарад: ин ҷо ба маънии раҳоӣ бахшад омадааст, яъне, аз ғам озод кунад.
3. Хӯйи нек: хислати хуб.
4. Эзад: Худованд.
5. Сазад: сазовор аст, шоиста аст.
Маънии қитъа: Чаҳор чиз аст, ки инсони озодаро аз ғам озод мекунад: тани дурусту солим, хислату рафтори нек, номи нек ва ақл. Худованд ба ҳар кӣ ин чаҳор чизро дода бошад, шоиста аст, ки як умр башодӣ гузаронаду ҳеч вақт ғам нахӯрад.