Маст омад дилбарам, то дил барад аз бомдод

М
Мавлоно

Ғазали шумораи 272

Маст омад дилбарам, то дил барад аз бомдод,
Ай мусалмонон, зи дасти маст дилбар дод, дод!

Дӣ дили ман меҷаҳиду ҳар ду чашмам мепарид,
Гуфтам: “Ин дил то чӣ бинад в-ин ду чашмам бомдод?!”

Бомдодон андар ин андеша будам, ногаҳон
Ишқи ту дар сурати маҳ пешам омад, шод бод!

Ман кӣ бошам?! Боду хоку обу оташ масти ӯст!
Оташи ӯ то чӣ орад бар ману бар хоку бод?!

Ишқ аз ӯ обистан асту ин чаҳор аз ишқи ӯ,
Ин ҷаҳон з-ин чор зоду в-ин чаҳор аз ишқ зод!