Мардӣ зи канандаи дари Хайбар пурс

М
Ҳофизи Шерозӣ

Рубоии шумораи 23

Мардӣ зи канандаи дари Хайбар пурс,
Асрори карам зи хоҷаи Қанбар пурс.
Гар толиби файзи ҳақ ба сидқӣ, Ҳофиз,
Сарчашмаи он зи соқии Кавсар пурс!