
Ман на онам, ки пеш аз ин будам,
Тозагӣ доштам, бипажмурдам.
Дилам аз ҳар сухан биёзорад,
Рост гӯйӣ, ки кӯдаке хурдам.
Ман на онам, ки пеш аз ин будам,
Тозагӣ доштам, бипажмурдам.
Дилам аз ҳар сухан биёзорад,
Рост гӯйӣ, ки кӯдаке хурдам.
Ҷонро зи пайи дину диёнат бифурӯшем
В-ин умри фаноро ба раҳи ғазв гузорем!
Давлати мирам ҳамеша бод бар афзун,
Давлати аъдои ӯ ҳамеша ба нуқсон!
Офтобӣ, ки зи чобукқадамӣ
Бар сари зарра намояд ҷавлон.
Лаб тар макун ба об, ки талқ аст дар қадаҳ,
Даст аз кабоб дор, ки заҳр аст тавъамон!
То куштаи ӯ аз он кафан созад,
То хастаи ӯ аз он кунад дармон.
Зери замин хезу ниҳуфте биҷӯй,
Пас ба фалак бар шав бе нардбон!
Ин аҷабтар, ки менадонад ӯ
Шеър аз шаъру хунбро аз хан.
Тезии шамшер дораду равиши мор,
Колбади ошиқону гунаи ғамгин.
Ҷаъдмӯён-т ҷаъд канда ҳаме,
Бибурида ба руни ту пистон.
Гӯрӣ кунему бода хурему бувем шод,
Бӯса диҳем бар ду лабони паривашон.