
Ғазали шумораи 565
Ман дӯш ба тоза аҳд кардам,
Савганд ба ҷони ту бих(в)ардам,
К-аз рӯйи ту чашм барнадорам,
Гар теғ занӣ, зи ту нагардам!
Дармон зи касе дигар наҷӯям,
Зеро зи фироқи туст дардам!
Дар оташам ар фурӯ барӣ ту,
Гар оҳ бароварам, на мардам!
Бархостам аз раҳат чу гарде,
Бар хоки раҳи ту бозгардам!