
Макун фарохравӣ дар амал агар хоҳӣ,
Ки вақти рафъи ту бошад маҷоли душман танг.
Ту пок бошу мадор аз кас, эй бародар, бок,
Зананд ҷомаи нопок гозурон бар санг.
Макун фарохравӣ дар амал агар хоҳӣ,
Ки вақти рафъи ту бошад маҷоли душман танг.
Ту пок бошу мадор аз кас, эй бародар, бок,
Зананд ҷомаи нопок гозурон бар санг.
Дӯст машмор он, ки дар неъмат занад
Лофи ёрию бародархондагӣ!
Дӯст он донам, ки гирад дасти дӯст
Дар парешонҳолиб дармондагӣ!
Зи кори баста маяндешу дил шикаста мадор,
Ки оби чашмаи ҳайвон даруни торикист!
Набинӣ, ки пеши худованди ҷоҳ
Ниёишкунон даст бар бар ниҳанд.
Агар рӯзгораш дарорад зи пой,
Ҳама оламаш пой бар сар ниҳанд.
Ё зар ба ҳар ду даст кунад хоҷа дар канор,
Ё мавҷ рӯзе афканадаш мурда бар канор!
Надонистӣ, ки бинӣ банд бар пой,
Чу дар гӯшат наёмад панди мардум.
Дигар раҳ сун надорӣ тоқати неш,
Макун ангушт дар сӯрохи каждум!
Худойрост мусаллам бузургвориву ҳукм,
Ки ҷурм бинаду нон барқарор медорад.
Наёсояд машом аз таблаи уд,
Бар оташ неҳ, ки чун анбар бибӯяд!
Бузургӣ боядат, бахшандашгӣ кун,
Ки дона то наяфшонӣ, нарӯяд!
Қорун ҳалок шуд, ки чиҳил хона ганҷ дошт,
Нӯшинравон намурд, ки номи наку гузошт!
Агар зи боғи раъийят малик хурад себе,
Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.
Ба панҷ байза, ки султон ситам раво дорад,
Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих!
Оташи сӯзон накунад бо сипанд,
Он чӣ кунад дуди дили дардманд!