
Макун зи гардиши гетӣ шикоят, эй дарвеш,
Ки тирабахтӣ, агар ҳам бар ин насақ мурдӣ!
Тавонгаро, чу дилу дасти комронат ҳаст,
Бихӯр, бибахш, ки дунёву охират бурдӣ!
Макун зи гардиши гетӣ шикоят, эй дарвеш,
Ки тирабахтӣ, агар ҳам бар ин насақ мурдӣ!
Тавонгаро, чу дилу дасти комронат ҳаст,
Бихӯр, бибахш, ки дунёву охират бурдӣ!
Макун намоз бар он ҳичкас, ки ҳич накард,
Ки умр дар сари таҳсили мол карду нах(вард!
Хоҳӣ, ки муматтаъ шавӣ аз дунйиву уқбӣ,
Бо халқ карам кун, чу Худо бо ту карам кард!
Гар уммедворӣ, к-аз ӯ бар хурӣ,
Ба миннат манеҳ арра бар пойи ӯ!
Миннат манеҳ, ки хидмати Султон кунӣ ҳаме,
Миннат шинос аз Ӯ, ки ба хидмат бидоштат!
Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?!
Ҳар кӣ парҳезу илму зуҳд фурӯхт,
Хирмане гирд карду пок бисӯхт!
Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт,
Чизе нахариду зар бияндохт!
«Ҷуз ба хирадманд мафармо амал,
Гарчи амал кори хирадманд нест!»
Хабисро чу таъаҳҳуд кунию бинвозӣ,
Ба давлати ту гунаҳ мекунад ба анбозӣ!
Маъшуқи ҳазордӯстро дил надиҳӣ,
В-ар медиҳӣ, он дил ба ҷудоӣ биниҳӣ!