
Майи лаъл пеш ору пеши ман ой,
Ба як даст ҷому ба як даст чанг!
Аз он май маро деҳ, ки аз акси ӯ
Чу ёқут гардад ба фарсанг санг.
Майи лаъл пеш ору пеши ман ой,
Ба як даст ҷому ба як даст чанг!
Аз он май маро деҳ, ки аз акси ӯ
Чу ёқут гардад ба фарсанг санг.
Туро, ки мешунавӣ, тоқати шунидан нест,
Маро, ки металабам, худ чӣ гуна бошад ҳол?!
Ғаму аност маро, - гуфт, - з-ин зиёъу иқор,
Фиғон ҳамекунам аз ранҷи ганҷу зайъату мол».
Ҳаром дорам бо дигарон сухан гуфтан,
Куҷо ҳадиси ту ояд, сухан дароз кунам.
Ки фарғул барнадорад он рӯз,
Ки бар тахта туро сиёҳ шуд фом!
Маро дилест, ки аз ғамгинӣ чу дур шавад,
Ба ғамгинон шаваду ғам фароз гирад вом.
Аҷаб ояд маро зи кардаи хеш,
К-аз дари гиряам ҳамехандам.
Хирад дар баҳо нақди ҳастӣ фиристад,
Гуҳарҳои рангин чу зояд зи конам.
Девонагони беҳушамон хонанд,
Девонагон наем, ки мастонем!
Дилам аз ҳар сухан биёзорад,
Рост гӯйӣ, ки кӯдаке хурдам.
Ҷонро зи пайи дину диёнат бифурӯшем
В-ин умри фаноро ба раҳи ғазв гузорем!