Бо ақли худ гар ҷуфтаме, ман гуфтаниҳо гуфтаме,
Хомӯш кун, то нашнавад ин гуфтаро боди ҳаво!
Ин саҳифа ғазалҳои дилошӯби Мавлоно Ҷалолуддини Румиро дарбар мегирад, ки саршор аз ишқ, ирфон ва ҳикмати амиқ мебошанд.
Ин саҳифа ғазалҳои дилошӯби Мавлоно Ҷалолуддини Румиро дарбар мегирад, ки саршор аз ишқ, ирфон ва ҳикмати амиқ мебошанд.
Бо ақли худ гар ҷуфтаме, ман гуфтаниҳо гуфтаме,
Хомӯш кун, то нашнавад ин гуфтаро боди ҳаво!
Ай қилу ай қоли ту хуш в-ай ҷумла ашколи ту хуш,
Моҳи ту хуш, соли ту хуш, ай солу маҳ чокар туро!
Ҷонро дарафкан дар адам, зеро нашояд, ай санам,
Ту муҳташам, ӯ муҳташам, чизе бидиҳ дарвешро!
Омад зи ҷон бонги дуҳул, то ҷузвҳо ояд ба кул,
Райҳон ба райҳон, гул ба гул аз ҳабси хористони мо!
Барбанд лаб ҳамчун садаф, мастӣ, маё дар пеши саф,
То боз оянд ин тараф аз ғайб ҳушёрони мо!
Хомӯш, к-имшаб матбахӣ шоҳ аст аз фаррухрухӣ,
Ин нодира, ки мепазад ҳалвои мо, ҳалвои мо!
Бас бувад, ай нотиқи ҷон, чанд аз ин гуфти забон,
Чанд занӣ табли баён, бе даму гуфтор биё!
Ин тан агар кам танаде, роҳи дилам кам занадӣ,
Роҳ шудӣ, то набудӣ ин ҳама гуфтор маро!
Ман, Хамушам, хастагулӯ, орифи гӯянда, бигӯ,
З-он ки ту Довуддамӣ, ман чу куҳам рафта зи ҷо!
Ғазали шумораи 10 Дӣ бинавохт ёри ман бандаи ғамрасидаро,Дод зи хеш чошнӣ ҷони ситамчашидаро! Ҳуш фузуд ҳушро, ҳалқа намуд гӯшро,Ҷӯш намуд нӯшро, нур фузуд дидаро! Гуфт, ки ай низори ман, хаставу тарсгори ман,Ман нафурӯшам аз карам бандаи худхаридаро! Бин, ки чӣ дод мекунад, бин, чӣ кушод мекунад!Юсуфи ёд мекунад ошиқи кафбуридаро! Дошт маро чу ҷони х(в)ад, рафт зи ман гумони бад,Бар китифам...
Бин, ки чи хоҳӣ кардано, бин, ки чӣ хоҳӣ кардано,
Гардан дароз кардаӣ, пунба бихоҳӣ х(в)ардано!».
Ай ту ба нур мустақил в-ай зи ту ахтарон хиҷил,
Бас дудилӣ миёни дил з-абри гумон чаро, чаро?!
Чу аз ҳайрат гузар ёбад, сифот онро, ки дарёбад,
Хамуш, ки бас шикаста шуд иборатҳову ибратҳо!
Зи Шамсуддини Табрезӣ манам қосид ба хунрезӣ,
Ки ишқе ҳаст дар дастам, ки монад Зулфиқореро!
Сухан бод аст, ай банда, кунад дилро пароканда,
Валекин ӯ-ш фамояд, ки гирд овар парешонро!
Зи Шамсуддини Табрезӣ баногаҳ соқии давлат
Ба ҷоми хоси султонӣ мудом овард мастонро.
Шамсулҳақи Табрезӣ бо ғунчаи дил гӯяд:
«Чун боз шавад чашмат, бинанда шавӣ бо мо».
Шасулҳақи Табрезӣ, ай машриқи ту ҷонҳо,
Аз тобиши ту ёбад ин шамс ҳароратро!
Хомӯш, ки сармастам, барбаст касе дастам,
Андеша парешон шуд, то бод, чунин бодо!
Чун ҷон хамушем, аммо кай хусбад ҷон, ҷоно,
Ту бош забони мо, то рӯз машин аз по!