Бо ақли худ гар ҷуфтаме, ман гуфтаниҳо гуфтаме,
Хомӯш кун, то нашнавад ин гуфтаро боди ҳаво!
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ аз бузургтарин шоирон ва орифони адабиёти тоҷику форс ба шумор меравад. Ашъори ӯ саршор аз маърифати илоҳӣ, ишқи пок ва андешаҳои амиқи инсонгароёна аст. Дар ин бахш ғазалҳо ва осори баргузидаи Мавлоно гирд оварда шудаанд, то хонанда ба ҷаҳони маънавии ӯ ворид гардад ва аз сухани пурҳикматаш баҳра барад.