
Зулфи туро «ҷим» кӣ кард, он ки ӯ
Холи туро нуқтаи он «ҷим» кард?
В-он даҳани танги ту, гӯйӣ, касе
Донагаке нор ба ду ним кард.
Зулфи туро «ҷим» кӣ кард, он ки ӯ
Холи туро нуқтаи он «ҷим» кард?
В-он даҳани танги ту, гӯйӣ, касе
Донагаке нор ба ду ним кард.
Сипар бе пеш кашидам ханданги қаҳри туро,
Чу тир бар ҷигар ояд, сипар чӣ суд кунад?!
Ай ман муқаддам аз ҳама ушшоқ, чун туӣ
Мар ҳуснро муқаддам чун аз калом «қад».
Фахри раҳӣ бад-он ду сияҳчашмакони туст,
К-омад падид зери ниқоб аз бари ду хад!
Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ,
Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.
Басо дуни бахило, ки май бихурд,
Каримӣ ба ҷаҳон-дар пароканид.
Охири шеър он кунам, ки аввал гуфтам;
Дер зиёд он бузургвор худованд!
Бахокхуфтаи тири ту аз ҳаловати захм
Забон баровараду захмро даҳон лесад.
Худойро биситудам, ки Кирдгори ман аст,
Забонам аз ғазалу мадҳи бандагон-ш насуд.
Биёву ҳон, бидеҳ он офтоб, к-аш бихурӣ,
Зи лаб фурӯ шаваду аз рухон барояд зуд.
Худои арш ҷаҳонро чунин ниҳод ниҳод,
Ки гоҳ мардум шодону гаҳ бувад ношод.