Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад

З
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад
В-ар бикшойӣ, чангали боз андозад.
В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд,
Доман-доман мушки Тароз андозад.