Замона аспу ту роиз, ба ройи хешат тоз

З
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Замона аспу ту роиз, ба ройи хешат тоз,
Замона гӯю ту чавгон, барои хешат боз…

Агарчи чангнавозон латифдаст буванд,
Фидои дасти қалам бод дасти чангнавоз!…

Туӣ, ки ҷавру бахилӣ ба ту гирифт нишеб,
Чунонки доду саховат ба ту гирифт фароз.