Дил хаставу бастаи мусалсалмӯест

Д
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дил хаставу бастаи мусалсалмӯест,
Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест.
Суде надиҳад насиҳатат, ай воиз,
Ин хонахароб турфа якпаҳлӯест.