
Дило, гар қаноат ба даст оварӣ,
Дар иқлими роҳат кунӣ сарварӣ.
Саъдии Шерозӣ
Дило, гар қаноат ба даст оварӣ,
Дар иқлими роҳат кунӣ сарварӣ.
Саъдии Шерозӣ
Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ,
Ки дар хона дидан бар абрӯ гиреҳ.
Худро маписанду дилписанди ҳама бош,
Нуқсон мапазиру судманди ҳама бош.
Гарчи гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.
Чун гул машав фирефтаи рангу бӯйи хеш,
Чун ғунча баста дор лаб аз гуфтугӯйи хеш.
Ду чиз аз дил андӯҳ берун барад:
Рухи дӯсту овози марди хирад.
Ҳама фарзанди одаманду башар,
Майли баъзе ба хайру баъзе ба шар.
Гаронмоятар кист аз дӯстон,
К-аз овози ӯ дил шавад бӯстон?
Чашми ҳунарбин бувад аз айб пок,
Беҳунар ар айб кунад, з-ӯ чӣ бок?
Макун аз ҳоли мискинон фаромӯш,
Чу дорӣ мояе, дар некӯӣ кӯш.
Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли мардумӣ дар илм бошад.