
Дарвозу даривоз фурӯ гашту баромад,
Бим аст, ки якбор фурӯ ояд девор.
Девори куҳангашта напардозад позер,
Як рӯз ҳама паст шавад, ранҷаш бигзор!
Дарвозу даривоз фурӯ гашту баромад,
Бим аст, ки якбор фурӯ ояд девор.
Девори куҳангашта напардозад позер,
Як рӯз ҳама паст шавад, ранҷаш бигзор!
Лаъли майро зи дурҷи хум баркаш,
Дар кадунима кун, ба пеши ман ор!1
Ба зулф кажж, валекин ба қадду қомат рост,
Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор.
Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,
Насиби ман шавад дар васл он пероҳани дигар.
Ки боз шона кунад ҳамчу бод сунбулро
Ба неши чангали хунрез тораки усфур.
Ба гази найза қади хасми ту мепаймоянд,
То бибурранд ба шамшеру бидӯзанд ба тир.
Гоҳ девонаро кунад ҳушёр,
Гаҳ ба ҳушёр-бар ниҳад занҷир.
Бар маволит бипошад ҳама дурру гавҳар,
Бар аъодит биборад ҳама шахкосаву хор.
Хоҷа Абулқосим аз нанги ту
Барнакунад сар ба қиёмат зи гӯр.
Хост аз ҷони ту фиғону хурӯш
В-омад аз баҳри хоста пайкор.
Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигар-шон боз.