Дарахте, ки акнун гирифтаст пой

Д
Саъдӣ

Дарахте, ки акнун гирифтаст пой,
Ба нерӯи шахсе барояд зи ҷой.

В-агар ҳамчунон рӯзгоре ҳилӣ,
Ба гардун-ш аз бех барнагсилӣ.

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил!

Саъдии Шерозӣ