
Гул дигар раҳ ба гулситон омад,
Вораи боғу бӯстон омад.
Вори озар гузашту шуълаи он,
Шуълаи лоларо замон омад!
Гул дигар раҳ ба гулситон омад,
Вораи боғу бӯстон омад.
Вори озар гузашту шуълаи он,
Шуълаи лоларо замон омад!
Буд аз неъмат, он чӣ пӯшиданд
В-он чӣ доданду он чиро хурданд.
Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,
Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард!
В-он даҳани танги ту, гӯйӣ, касе
Донагаке нор ба ду ним кард.
Сипар бе пеш кашидам ханданги қаҳри туро,
Чу тир бар ҷигар ояд, сипар чӣ суд кунад?!
Ай ман муқаддам аз ҳама ушшоқ, чун туӣ
Мар ҳуснро муқаддам чун аз калом «қад».
Фахри раҳӣ бад-он ду сияҳчашмакони туст,
К-омад падид зери ниқоб аз бари ду хад!
Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ,
Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.
Басо дуни бахило, ки май бихурд,
Каримӣ ба ҷаҳон-дар пароканид.
Охири шеър он кунам, ки аввал гуфтам;
Дер зиёд он бузургвор худованд!
Бахокхуфтаи тири ту аз ҳаловати захм
Забон баровараду захмро даҳон лесад.