
Гирд кун, гирд кун дирам бисёр,
Ганҷхона бино кун аз динор.
Хост аз ҷони ту фиғону хурӯш
В-омад аз баҳри хоста пайкор.
Гирд кун, гирд кун дирам бисёр,
Ганҷхона бино кун аз динор.
Хост аз ҷони ту фиғону хурӯш
В-омад аз баҳри хоста пайкор.
Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигар-шон боз.
Эзади мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад, напазирад намоз!
Чу фазли мир Абулфазл бар ҳама маликон,
Чу фазли гавҳару ёқут бар набаҳра пашиз.
Туӣ, ки ҷавру бахилӣ ба ту гирифт нишеб,
Чунонки доду саховат ба ту гирифт фароз.
Боз ту беранҷ бошу ҷони ту хуррам,
Бо наю бо уду бо набиди Фанорӯз!
Ӯ маро пеши шер бипсандад,
Ман натовам бар ӯ нишаста магас.
Аз шумори ду чашм як тан кам
В-аз шумори хирад ҳазорон беш!
Писанд бошад мар хоҷаро пас аз даҳ сол,
Ки бозгардад пиру пиёдаву дарвеш?!
Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
Маро нугӯй, ки аз чӣ шуда-ст шодӣ сӯк!
Оҳу ба дашт агар бихурад қатрае аз он,
Ғуррандашер гардаду н-андешад аз паланг!