Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр

Г
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр,
Бизанам наъра, валекин зи ту бинам ҳунаро…

Асари мир нахоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон,
Мир хоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон-дар асаро.

Ҳар киро рафт, ҳамебояд рафта шумарӣ,
Ҳар киро мурд, ҳамебояд мурда шумаро!