Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин

Б
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин,
Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё.

Бошад гаҳи висол бибинанд рӯйи дӯст,
Ту низ дар миёнаи эшон бибиниё.

То андар он миёна, ки бинанд рӯйи ӯ,
Ту низ дар миёнаи эшон нишиниё!