
Бо ин ҳама ҷавру тундхӯйӣ,
Борат бикашам, ки хубрӯйӣ!
Бо ин ҳама ҷавру тундхӯйӣ,
Борат бикашам, ки хубрӯйӣ!
Бӯйӣ пиёз аз даҳани хубрӯй
Нағзтар ояд, ки гул аз дасти зишт
Ту ба ҷойи падар чӣ кардӣ хайр,
То ҳамон чашм дорӣ аз писарат?!
Асби тозӣ ду так равад ба шитоб
В-уштур оҳиста меравад шабу рӯз!
Чун пир шудӣ, зи кӯдакӣ даст бидор,
Бозию зарофат ба ҷавонон бигузор!
Заръро чун расид вақти дарав,
Нахиромад, чунонки сабзаи нав!
Мӯй ба талбис сияҳ карда гир,
Рост нахоҳад шудан ин пушти кӯз!
«Гар аз аҳди хурдит ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғӯши ман.
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пирзан!»
Ба диноре чу хар дар гил бимонанд,
В-ар «Ал-ҳамд»-е бихоҳӣ, сад бихонанд!
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд, ҳануз хар бошад!
Писарони вазири ноқисақл,
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.