Бигӯям мисоле аз ин ишқи сӯзон

Б
Мавлоно

Ғазали шумораи 754

Бигӯям мисоле аз ин ишқи сӯзон,
Яке оташе дар ниҳонам фурӯзон!

Агар мебинолам вагар менанолам,
Ба кор аст оташ ба шабҳову рӯзон!

Ҳама ақлҳо хирқадӯзанд, лекин
Ҷигарҳои ушшоқ шуд хирқасӯзон!