Беҳин коре, ки андар зиндагонист –
Накӯхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист.
Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасту забони худ маёзор,
Ба корафтода коромӯз мебош,
Ба ҳар дилсӯхта дилсӯз мебош,
Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,
Ки ҳар кас, к-ӯ ҷароҳат кард, бад кард.
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,
Ба сахтӣ чораи бечорагон бош.
Ба пирӣ хидмати модар-падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз cap бадар кун.
Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки гар ёбӣ замон, гардӣ туҳам пир,
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат*.
Биҷӯ дилшон ба хулқу хубрӯйӣ,
Ки ин аст, эй бародар, некхӯйӣ.
Носири Хусрав
* Тимор ё темор – ғамхорӣ, парасторӣ, нигоҳубин.