Ба Ҳақ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро

Б
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба Ҳақ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.

Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.

Чу ораз барфурӯзӣ, мебисӯзад
Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро.

Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте
Нишинӣ бар мазорам сӯгворо.

Ҷаҳон ин асту чунин аст, то буд
Ва ҳамчунин бувад инанд, ёро!

Ба як гардиш ба шаҳоншоҳӣ орад
Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо.

Ту-шон зери замин фарсуда кардӣ,
Замин дода мар эшонро зағоро.

Аз он ҷонтӯз лахте хуни раз деҳ,
Сипарда зери пой-андар сипоро!