Ба ҳар коре, ки хоҳӣ кард мадхал*,
Нигаҳ, кун охири кораш ба аввал.
Носири Хусрав
* Мадхал – оғоз.
Ба ҳар коре, ки хоҳӣ кард мадхал*,
Нигаҳ, кун охири кораш ба аввал.
Носири Хусрав
* Мадхал – оғоз.
Накӯ гуфт донандаи несту ҳаст:
Маро дӯсти нек аз бародар беҳ аст.
Агар нодон ба даҳшат сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.
Одамӣ аз айбу ҳунар пок нест,
Оби равон бе хасу хошок нест.
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
Мағрур машав ба мол чун бехабарон,
Зеро ки бувад мол чу абри гузарон.
Ҷомӣ, макун андеша зи гуфтори рақибон,
Овози сагон кам накунад ризқи гадоро.
Ту бар тахти султонии хеш бош,
Ба ахлоқи покиза дарвеш бош.
Расми сагон аст ба ҳар сӯ нигоҳ,
Шер сарафканда хиромад ба роҳ.
Чун қибланамо Хизри раҳи аҳли ҷаҳон бош,
Саргаштаи худ, роҳнамои дигарон бош.
Наёбад ҳеч кас умри дубора,
Ба илме рав, к-аз онат нест чора.