Ба сафи некномон шав камонгир,
Зи бадномон гурезон бош чун тир.
Амир Хусрави Деҳлавӣ
Ба сафи некномон шав камонгир,
Зи бадномон гурезон бош чун тир.
Амир Хусрави Деҳлавӣ
Бувад дӯст мар дӯстро чун сипар,
Беҳ аз дӯст мардум кӣ бошад дигар?
Ҳар он дӯст, к-аз баҳри суду зиён
Бувад дӯст, душман бувад бегумон.
Ба омӯхтан чун фурӯтан шавӣ,
Суханҳои донандагон бишнавӣ.
Ҳар кӣ аз дунё нагирад ибрате,
Ҳаст аз он мудбир ҷаҳонро нафрате.
Дилатро ба донишварӣ дор ҳуш!
Чу донистӣ, он гоҳ, дар кор кӯш!
Ба пирони забун кун дастгирӣ,
Ки дар пирӣ бидонӣ қадри пирӣ.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Чу дашном гӯйӣ, дуо нашнавӣ,
Ба ҷуз киштае ҳеч надравӣ!
Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Ба дониш равонро тавонгар кунед,
Хирадро ҳамон бар cap афсар кунед.