Ба бозувони тавонову қуввати сари даст

Б
Саъдӣ

Ба бозувони тавонову қуввати сари даст,
Хатост, панҷаи мискини нотавон бишикаст.

Натарсад он, ки ба уфтодагон набахшояд,
Ки гар зи пой дарояд, касаш нагирад даст?!

Ҳар он, ки тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт,
Димоғи беҳуда пухту хаёли ботил баст.

Зи гӯш пунба бурун ору доди халқ бидеҳ,
В-гар ту менадиҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст.