
Бас номвар1 ба зери замин дафн кардаанд,
К-аз ҳастияш ба рӯи замин бар нишон намонд.
В-он пирлошаро2, ки супурданд зери хок,
Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд.
Зиндаст номи фаррухи3 Нӯшинравон4 ба хайр,
Гарчи басе гузашт, ки Нӯшинравон намонд.
Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр,
З-он пештар, ки бонг5 барояд фалон намонд.
Маънои калимаҳо:
1. машҳӯр, шахсияти номдор.
2. пирмурда, ҷасади мурда.
3. нек, хубу муборак.
4. рӯҳ ва равони ҷовидон, лақаби Хусрави Аввал (531-579 м.), подшоҳи маъруфи силсилаи Сосониён.
5. фарёд, овози баланд, хабар.
Чӣ басе инсонҳои машҳӯру номдоре аз ин дунё гузаштаанд ва ба зери хок дафн шудаанд ва акнун аз ҳастиву вуҷуди онҳо дар рӯи замин ҳеҷ асаре боқӣ намондааст.
Чун ҷасади беҷони он инсонҳоро (аз ҷумла ҷасади номваронро) ба зери хок дафн карданд, хок ҷисми онҳоро чунон бихӯрд, ки пас аз муддате аз онҳо ҳатто устухоне ҳам боқӣ намонд.
Аммо, бо вуҷуди он, ки аз замони марги Анӯшервон асрҳои зиёде гузашта, (ҷисми ӯ низ ба хок табдил шудааст), номи неку фархундаи ӯ ба сабаби некрафториву адолатпешагияш то имрӯз зинда мондааст (яъне адолату некӣ боиси ҷовидонии номи Анӯшервон дар байни мардум гаштааст.)
Ту низ, эй инсон, умри худро бисёр ғанимат бишумор ва ба корҳои хайр машғул бош ва то паҳн шудани овозаву хабари маргат, яъне пеш аз он, ки гӯянд «фалонӣ аз дунё гузашт», ту тӯшаи роҳи охирати худро омода соз, (то ин дунёро бо сари баланд падрӯд бигӯӣ ва дунёи дигарро бо хотири ҷамъ истиқбол намоӣ).
Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд,
К-аз ҳастияш ба рӯйи замин бар-нишон намонд.
В-он пирлошаро, ки сипурданд зери гил,
Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд.
Зинд(а)аст номи фаррухи Нӯшинравон ба хайр,
Гарчи басе гузашт, ки Нӯшинравон намонд.
Хайре кун, эй фулону ғанимат шумор умр,
З-он пештар, ки бонг барояд: «Фулон намонд»!
Саъдии Шерозӣ