Банда ҳамон беҳ, ки зи тақсири хеш

Б
Саъдӣ
Саъдии Шерозӣ

Банда ҳамон беҳ, ки зи тақсири1 хеш,
Узр2 ба даргоҳи Худой оварад.
Варна сазовори Худовандияш,
Кас натавонад, ки ба ҷой оварад.

Маънои калимаҳо:

1. кӯтоҳӣ, камбудию гуноҳ.

2. бахшиш пурсидан, талаби мағфират.

Аз дасти кӣ меояд ва забони чӣ касе қудрату тавоноии онро дорад, ки аз ӯҳдаи шукргузории ҳамаи неъматҳои Худованд барояд? (Чун дар ҳар нафасе ду неъмати илоҳӣ мавҷуд аст ва барои ҳар неъмати илоҳӣ шукре воҷиб аст ва илова бар нафас, Худованд боз ҳазорон неъмати дигарро барои инсон арзонӣ доштааст, ба сабаби маҳдуд будани қудрати забон, шукргузории ин ҳама неъматҳо аз тавоноии инсон хориҷ аст.