
Андарун аз таъом холӣ дор,
То дар ӯ нури маърифат бинӣ!
Тиҳӣ аз ҳикматӣ ба иллати он,
Ки пурӣ аз таъом то бинӣ!
Андарун аз таъом холӣ дор,
То дар ӯ нури маърифат бинӣ!
Тиҳӣ аз ҳикматӣ ба иллати он,
Ки пурӣ аз таъом то бинӣ!
Ба узру тавба тавон растан аз азоби Худой,
Валек менатавон аз забони мардум раст!
Нек бошию бадат гӯяд халқ,
Беҳ, ки бад бошию некат бинанд!
Дар баста ба рӯйи худ зи мардум,
То айб нагустаранд моро.
Дар баста чӣ суду Олимулғайб
Донои ниҳону ошкоро!
Ту некуравиш бош, то бадсигол
Ба нақси ту гуфтан наёбад маҷол!
Чу оҳанги барбат бувад мустақим,
Кай аз дасти мутриб хурад гӯшмол?!
Чу ҳар соат аз ту ба ҷое равад дил,
Ба танҳоӣ андар сафое набинӣ!
В-арат ҷоҳу мол асту заръу тиҷорат,
Чу дил бо Худояст, хилватнишинӣ!
Гуфтам: «Ин шарти одамийят нест,
Мурғ тасбеҳгӯю ман хомӯш!».
Уштур ба шеъри араб дар ҳолат асту тараб,
Гар завқ нест туро, кажтабъ ҷонварӣ!
Ба зикраш, ҳар чӣ бинӣ, дар хурӯш аст,
Диле донад дар ин маънӣ, ки гӯш аст!
На булбул бар гулаш тасбеҳхонест,
Ки ҳар хоре ба тасбеҳаш забонест!
Агар дунё набошад, дардмандем,
В-агар бошад, ба меҳраш пойбандем!
Ҳиҷобе з-ин даруношӯбтар нест,
Ки ранҷи хотир аст, ар ҳасту гар нест!
К-аз бузургон шунидаам бисёр:
«Сабри дарвеш беҳ, ки базли ғанӣ!».