Ай муборак зи ту сабӯҳу сабоҳ

А
Мавлоно

Ғазали шумораи 175

Ай муборак зи ту сабӯҳу сабоҳ,
В-ай музаффарфар аз ту қалбу ҷаноҳ!

Ай шароби таҳур аз кафи ҳур
Бар ҳарифони маҷлиси ту мубоҳ!

Ай кушода ҳазор дар бар мо
В-ай бидода ба дасти мо мифтоҳ!

Во намудӣ, ҳар он чи мегӯянд,
Муъаззинон субҳ, фолиқ-ал-асбоҳ.

Ҳар чи додӣ иваз, намехоҳӣ,
Гарчи гуфтанд: “Ассалоҳу рабоҳ!”