Ай бародар, ошиқиро дард бояд, дард ку?!

А
Мавлоно

Ғазали шумораи 781

Ай бародар, ошиқиро дард бояд, дард ку?!
Собириву содиқиро мард бояд, мард ку?!

Чанд аз ин зикри фусурда?! Чанд аз ин фикри заман?!
Наъраҳои оташину чиҳраҳои зард ку?!

Кимиёву зар намеҷӯям, миси қобил куҷост?!
Гармрӯро худ кӣ ёбад?! Нимгарме сард ку?!