Ай аҳли сабӯҳ, дар чӣ коред?!

А
Мавлоно

Ғазали шумораи 260

Ай аҳли сабӯҳ, дар чӣ коред?!
Шаб мегузарад, раво мадоред!

Монандаи офтоби рахшон
Аз ҷоми сабӯҳ сар бароред!

Ай шабшумарон, агар шумор аст,
Боре шаби зулфи ӯ шуморед!

Захме, ки задаст во намоед,
Гар панҷаи шерро шикоред!

Дар хоб шавед, ай малӯлон,
В-ин хилватро ба мо супоред!

Меояд он нигор имшаб,
Чун мунтазирони он нигоред!

З-он рӯй, ки Шамси дини Табрез
Донад, ки шумо дар интизоред!