
Агарчи умр басе буд, рӯзгор набуд,
Чунон ки буд, ба ночор хештан бахшуд.
Худойро биситудам, ки Кирдгори ман аст,
Забонам аз ғазалу мадҳи бандагон-ш насуд.
Агарчи умр басе буд, рӯзгор набуд,
Чунон ки буд, ба ночор хештан бахшуд.
Худойро биситудам, ки Кирдгори ман аст,
Забонам аз ғазалу мадҳи бандагон-ш насуд.
Биёву ҳон, бидеҳ он офтоб, к-аш бихурӣ,
Зи лаб фурӯ шаваду аз рухон барояд зуд.
Худои арш ҷаҳонро чунин ниҳод ниҳод,
Ки гоҳ мардум шодону гаҳ бувад ношод.
Бешак наҳанг дорад, дилро ҳамехасояд,
Тарсам, ки ногуворад, к-эдун на хурд хояд.
Пиндошт ҳаме ҳосид, к-ӯ бознаёяд,
Бозомад, то ҳар шафаке жож нахояд.
Қанд ҷудо кун аз ӯй, дур шав аз заҳри данд,
Ҳар чи ба охир беҳ аст ҷони туро, он писанд!
Кобукро нахоҳаду шох орзу кунад
В-аз шох сӯйи бом шавад боз гирдгард.
Асоси табъ санояст, бал қавитар аз он,
Зи олати сухан омад ҳаме ҳама монид.
Якем хилъат пӯшид доғи фурқати ту,
Ки тори ӯст пушаймонию ғами дил пуд.
Эзид ҳаргиз даре набандад бар ту,
То сад дигар ба беҳтаре накушояд!
Бо ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳаму гар не,
Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд.